, Шанбе, 28-Феврал

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ садорати факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Лоиқов Парвиз - дотсент, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи «Коррупсия - зуҳуроти номатлуби ҷомеа», Қурбонзода Кароматулло - ҷонишини декан оид ба тарбия дар мавзуи «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар» ва донишҷӯи курси якум Давлатов Рамазон дар мавзуи «Коррупсия - хатар ба иқтисоди миллӣ» маърӯза намуданд. Мизи мудаввар дар фазои созанда сурат гирифта, масъалаҳои мубрами мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!