,
Шанбе, 28-Феврал
Бо чунин унвон имрӯз (27.02.2026) бо ташаббуси факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 80-солагии донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо иштироки коршиносони соҳа аз ташкилоту муассисаҳои гуногуни кишвар, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ олимону донишмандон ва дигар меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки асри XXI, ки онро асри технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия меноманд, инсониятро ба марҳилаи нави рушди тамаддун ворид намудааст. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, афзоиши ҳаҷми додаҳои рақамӣ ва воридшавии системаҳои интеллектуалӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боис гардидааст, ки мафҳуми ҷомеаи иттилоотӣ ба воқеияти рӯзмарра табдил ёбад.
Дар ин раванд, зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки илму техника ва нишондиҳандаи сатҳи рушди давлатҳо, дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими рақобатпазирии миллӣ то рафт нақши калидиро касб намуда истодааст.
Дар қисмати пленарии конфронс 4 маърӯза, аз ҷумла Сатторов Абдурасул-доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар ташкили раванди таълим”, Фурқати Сикандарӣ-номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Digital technologies and artificial intelligence in the modern economy: opportunities, risks, and security challenges” ва Раҳимова Х.М. – муаллими калони кафедраи идоракунии молиявии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар мавзуи “Перспективы использования искусственного интеллекта в регулировании деятельности свободной экономической зоны “Куляб»” маърӯзаҳои илмии худро диор ба “Рушди зеҳни сунъӣ дар шароити иттилоотикунонии ҷомеа” мавриди баррасӣ ва муҳокимаву омӯзиш қарор дода шуд. Иброз гардид, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун муҳаррики асосии инноватсия, фазои нави фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва соҳибкориро ба вуҷуд оварда, ба таъсиси маҳсулоту хизматрасониҳои рақобатпазир ва воридшавии кишварҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон Арабов Муллошараф – дотсенти кафедраи таҳлили додаҳо ва технологияҳои барномасозии Институти математика ва технологияҳои иттилоотии ба номи Н.И. Лобачевскийи Донишгоҳи федералии Казон, дар мавзуи “Суверенитет данных как основа цифрового будущего Республики Таджикистан в эпоху LLM: оценка возможностей, рисков и путей построения национальной экосистемы” тариқи маҷозӣ (онлайн) бо маърӯзаи илман асоснок баромад намуд.
Дар бахши музокирот дотсент Холиқзода Сафар вобаста ба мавзуи конфронс иброз дошт, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди илму техника дар таҳкими иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома нимаи дуюми рӯз дар ду бахш ба роҳ монда, дар он маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, ки беш аз 70 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намудаанд.