, Шанбе, 28-Феврал

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ҷаласаи навбатии Шурои олимон дар соли 2026 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати ректори донишгоҳ доир гардида, дар кори он аъзои Шуро ва шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба сифати таҳсилот, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва раванди таълим дар факултетҳо мавриди баррасӣ ва муҳокимаву қарорбарорӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, оид ба масъалаи «Вазъи арзёбии сифати таҳсилот дар таълими рӯзона дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025–2026» муовини ректор оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ маърӯза намуд.

Сипас, “Доир ба рафти иҷрои мавзуъҳои фармоишии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Лутфия ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар идома масъалаи «Рафти иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сардори Шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Ватанзода Шердил вобаста ба ҷалби довталабон ба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), вазъи таҳияи рисолаҳои илмӣ ва ҳимояи онҳо маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, вобаста ба «Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои филологияи рус ва филологияи хориҷӣ» ҳисоботи гурӯҳи корӣ шунида шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ – Исоева Дилором ва Амиров Файзуллохӯҷа доир ба сатҳи баргузории машғулиятҳо, иҷрои нақшаҳои таълимӣ, ҳолати корҳои илмӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷониби аъзои Шуро ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ мавзуъҳои корҳои илмии унвонҷӯён ва докторантони PhD (8 нафар) баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон пешниҳодҳои раёсати таълим мавриди муҳокима қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Инчунин муовинони ректор оид ба самтҳои таълим, илм, тарбия ва хоҷагӣ вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ гузориш пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати таҳкими интизоми таълимӣ, баланд бардоштани сифати дарсҳо, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!