,
Шанбе, 28-Феврал
26.02.2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ” бо иштироки омӯзгорон ва аъзоён баргузор гардид. Роҳбари маҳфил Муҳаммадҷони Азизулло маҳфилро оғоз намуда, дар бораи аҳамияти саводнокии молиявӣ суханронӣ кард.
Сипас, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси “кори бонкӣ” Холбозорова Шукрона таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳматзода Умед бо маърӯза дар мавзуи “Истифодаи кортҳои пластикӣ дар бонкҳои Тоҷикистон” баромад намуда, бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.