,
Шанбе, 28-Феврал
Санаи 26-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ рӯзи “Дарҳои кушод”, ҷиҳати шиносоии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо имконот ва заминаи моддиву таълимии Донишгоҳ баргузор гардид. Ба ин муносибат дар ошёнаи аввали бинои маъмурӣ намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён ба маърази тамошои хонандагон гузошта шуда буд, ки ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Зимни тамошои намоиши дастовардҳо ба довталабон оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо варақаҳои маълумотиву тарғиботӣ пешкаш карда шуд.
Пас аз намоиши дастовардҳо дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо ҳамроҳии хонандагон ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректори донишгоҳ ва садорати факултаҳо суҳбати озод намуданд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки донишгоҳ яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба шумор рафта, дар заминаи татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиму муассирро роҳандозӣ менамояд. Зикр гардид, ки донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, тақвияти зарфияти илмӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ пайваста иқдомҳои судманд амалӣ месозад.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни муаррифии имконияту дастовардҳои муассиса иброз дошт, ки донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2026–2027 дар 10 факултет аз рӯйи 63 ихтисос ба роҳ мемонад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои хобгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон буда, ҳамзамон 9 маркази таълимӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон», маркази табъу нашр ва рушди касбият фаъолият менамоянд. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ ва технологияҳои муосир, китобхонаи анъанавӣ ва китобхонаи электронӣ бо дастрасӣ ба интернети баландсуръат, Парки технологӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба талаботи муосир барои фароҳамсозии муҳити босифати таълим хизмат мерасонанд. Ба донишҷӯён 520 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла профессорону докторон ва номзадҳои илм дарс мегуянд, ки ин нишондиҳанда аз зарфияти баланди илмии муассиса шаҳодат медиҳад.
Дар қисмати дигар хонандагон ба роҳбарияти донишгоҳ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Довталабон пас аз анҷоми маҷлис мутобиқ ба кластерҳои интихобнамудаи худ ба факултетҳо роҳнамоӣ гардида, аз заминаи моддиву техникӣ ва шароити таълимии онҳо аз наздик шинос шуданд.