, Шанбе, 28-Феврал

ДАРСИ НАМУНАВӢ: РӮЗГОР ВА ОСОРИ ФАРЗОНА


ДАРСИ НАМУНАВӢ: РӮЗГОР ВА ОСОРИ ФАРЗОНА

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади такмили малакаи касбии омӯзгорони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи таълим ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Дар ҳамин замина, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ дарси намунавӣ аз ҷониби декани факултет, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Зулфиев Гадомад дар гурӯҳи таълимии 401-и ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” аз фанни таърихи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Рӯзгор ва осори Фарзона (Фарзонаи Хуҷандӣ)” бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорон баргузор гардид. Машғулият бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ баргузор гардида, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти шоир мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар раванди дарс донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, доир ба хусусиятҳои эҷодӣ ва ҷойгоҳи Фарзонаи Хуҷандӣ дар адабиёти муосири тоҷик мубодилаи афкор намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!