, Панҷшанбе, 26-Феврал

ДАРСИ КУШОД: ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ТАЪРИХ


ДАРСИ КУШОД: ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ТАЪРИХ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар ҳамин замина, дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дарси намунавӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар гурӯҳи таълимии 203-и ихтисоси “таърих ва ҳуқуқ” аз фанни методикаи таълими таърих дар мавзуи “Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълими фанни таърих” бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Муаллим дарсро мутобиқ ба талаботи муосири раванди таълим оғоз намуда, бо истифода аз тахтаи электронӣ, муаррифии слайдӣ, манбаъҳои рақамӣ ва платформаҳои интерактивӣ аҳамияти татбиқи технологияҳои рақамиро дар баланд бардоштани самаранокии омӯзиши таърих, таҳкими тафаккури таҳлилӣ ва ҷалби фаъоли донишҷӯён ба раванди дарс ба таври муфассал шарҳ дод.

Донишҷӯён дар ҷараёни машғулият фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуъ андешаҳои худро иброз дошта, бо истифода аз манбаъҳои электронии таълимӣ супоришҳоро иҷро карданд ва перомуни бартариятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар омӯзиши фанни таърих мубодилаи афкор анҷом доданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!