, Панҷшанбе, 21-май

НАҚШИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ: МУШКИЛОТ ВА ТАҶРИБА


НАҚШИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ: МУШКИЛОТ ВА ТАҶРИБА

Бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия”, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши рақамикунонӣ дар рушди иқтисодиёти сабз: мушкилот ва таҷриба” баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳр, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои “сабз”-ро баррасӣ карданд. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид дошт, ки иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили калидии истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини рушди устувор аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар идома, маърӯзаҳои илмии иштирокдорон ба масъалаҳои идоракунии иқтисодиёти сабз, нақши рақамикунонӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъсири иқтисодиёти рақамӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ бахшида шуданд. Зикр гардид, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии истеҳсолот, мониторинги захираҳои табиӣ ва рушди тиҷорати электронӣ боиси баланд гардидани самаранокии иқтисодӣ ва коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист мегардад. Дар қисмати музокирот иштирокдорон вобаста ба имкониятҳо ва мушкилоти амалисозии стратегияҳои рақамикунонӣ дар шароити муосир андешаронӣ намуда, иқтисодиёти рақамиро заминаи боэътимоди гузариш ба модели рушди “сабз” ва устувор арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_3lcgfqus158oicc65tps8u06uj in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_3lcgfqus158oicc65tps8u06uj): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_60go2vpc6g1d4hb5iuj6r5pmbf in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_60go2vpc6g1d4hb5iuj6r5pmbf): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274