, Чоршанбе, 25-Феврал

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири кафедра, дотсент Лоиқов Парвиз, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонзода Кароматулло, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст Лоиқов Парвиз, дотсент дар мавзуи “Рушди соҳаи варзиш дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, зикр кард, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар соҳаи варзиш рушд намуда, барои тарбияи ҷавонони солиму ватандӯст заминаи мусоид фароҳам гардидааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ба таҳкими қобилияти мудофиавии ҷавонон мусоидат менамояд.

Сипас, муаллимони калони кафедраи мазкур Саидов Парвин дар мавзуи “Инъикоси масъалаҳои варзиш дар Паёми Пешвои миллат” ва Қурбонзода Кароматулло дар мавзуи “Варзиш-қосиди сулҳ дар ҷаҳон” баромад намуда, нақши варзишро ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва муаррифии шоистаи давлат дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Мизи мудаввар дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокчиён доир ба аҳаммияти иҷтимоӣ ва тарбиявии варзиш мубодилаи афкор намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!