,
Чоршанбе, 25-Феврал
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омили ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷомеа” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ садорати факултет, устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Нахуст Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент баромад намуда мизи мудавварро ифтитоҳ намуд ва дар бораи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз самтҳои муҳими ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад баромад намуда, зикр дошт ки ҳунарҳои мардумӣ мероси таърихии миллат буда, анъана, завқ ва ҷаҳонбинии мардумро инъикос мекунанд.
Сипас, муаллимони калони кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо Сафаралиев Фарҳод дар мавзуи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардум” ва Ёқубов Алишер дар мавзуи “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омили ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷомеа” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.
Маърӯзакунандагон зикр доштанд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ на танҳо барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, муаррифии маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти калон дорад.
Мизи мудаввар дар фазои озоди илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён доир ба аҳаммияти таърихию фарҳангии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик изҳори назар намуданд.