,
Чоршанбе, 25-Феврал
Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ ва такмили қобилияти эҷодии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи ҳамин иқдомҳо санаи 24.02.2026 дар факултети физика, математика ва информатика маҳфили “Диофант”-и назди кафедраи математика ва методикаи таълими он бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедра Ҳусайнзода Руҳулло суханронӣ намуда, доир ба ҳадаф ва вазифаҳои маҳфил, нақши он дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалӣ ва омодасозии донишҷӯён ба фаъолияти омӯзгорӣ ибрози назар кард.
Сипас, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси технология-омӯзгор муҳандис Асанов Сомон дар мавзуи “Касри ратсионалӣ ва хосияти асосии он” ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси Web-дизайн Саидзода Сайфурамо дар мавзуи “Аломатҳои математикӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Баромадкунандагон мазмуну муҳтавои мавзуъҳоро бо истифода аз мисолҳои мушаххас, шарҳу тавзеҳоти илмӣ ва ҳалли масъалаҳои амалӣ муфассал баррасӣ карданд.
Дар анҷоми маҳфил байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи фаъолонаи аъзоён ҷамъбаст гардид.