, Чоршанбе, 25-Феврал

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!


ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи самбои Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо байни калонсолон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Холов Назаралӣ- донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 64 кг сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва медали биринҷии мусобиқа сарфароз гардонида шуд.

Раёсати донишгоҳ Холов Назаралиро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!