,
Чоршанбе, 25-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин раванд ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим, густариши таҷрибаи пешқадам, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва таҳкими робитаи назария бо амалия арзёбӣ шуда, барои рушди тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар ҳамин замина, дар факултети химия ва биологияи донишгоҳ дарси тарбиявӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Ҷурахонзода Саида дар гурӯҳи таълимии 206-и ихтисоси “биология ва экология” дар мавзуи “Артиши миллӣ-ҳимоятгари ватан” бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Муаллим дарсро мутобиқ ба талаботи муосири раванди таълим оғоз намуда, ҳадафу вазифаҳои машғулият, аҳамияти таърихию сиёсии таъсиси Артиши миллӣ ва нақши онро дар таҳкими истиқлолу амнияти кишвар ба донишҷӯён шарҳ дод. Зимни дарс марҳилаҳои ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми онҳо дар ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди таҳлил қарор гирифт.
Донишҷӯён дар раванди дарс фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуъ маърӯзаҳои худро ироа карданд ва перомуни нақши Артиши миллӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон, порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан ва муҳофизони он қироат гардида, фазои дарс хусусияти тарбиявӣ ва ватандӯстона гирифт.