, Чоршанбе, 25-Феврал

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР ГАРДИД


ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати фарҳангпарварона ва маърифатгустаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими маърифати ҷомеа ва тарбияи насли соҳибандеша даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Озмуни мазкур, ки соли ҳаштум аст дар саросари кишвар таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат баргузор мегардад, на танҳо сабқати китобхонӣ, балки мактаби камолоти фикрӣ, суханварӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии кишвар ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ, ин ташаббус сол ба сол густариш ёфта, доираи иштирокчиён бештар мегардад.

Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ҳузур доштанд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ аҳаммияти китобхонӣ ва нақши ин озмунро дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид кард. Иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, имрӯз ба як ҳаракати фарогири фарҳангӣ табдил ёфтааст. Тавассути чунин иқдомҳо сатҳи маърифати ҷавонон боло рафта, муҳаббати онҳо ба китобу сухани бадеӣ таҳким меёбад.

Зикр шуд, ки иштирокчиён на танҳо китоб мутолиа мекунанд, балки онро таҳлил ва баррасӣ намуда, андешаҳои худро бо далелу асос иброз медоранд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд. Дар фарҷоми суханронӣ ректори донишгоҳ ба ҳамаи иштирокчиён барор хоста, изҳори умед намуд, ки онҳо бо дониши амиқ ва омодагии ҷиддӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун низ муваффақ хоҳанд шуд.

Тибқи иттилоъ дар озмун донишҷӯён аз тамоми факултетҳо аз рӯйи чор номинатсия - адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагону наврасон ва осори шифоҳӣ - маҳорати худро санҷиданд. Аз 120 иштирокчӣ 54 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифта, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври шаҳрӣ пешниҳод гардиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!