, Чоршанбе, 25-Феврал

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 23 феврали соли 2026 бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши идона ҳайати раёсати донишгоҳ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани шодбошӣ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавҳари аслии онро эҳсосоти наҷибе чун ватандориву садоқат, ҷавонмардиву ҷасорат, қаҳрамониву шуҷоат, фидокориву матонат  ва садоқат ба Ватану Пешвои миллат ташкил медиҳад, табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин ва кулли ҳамдиёрон саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд ва дар таҳкими амнияту суботи кишвар, ҳифзи арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ шарафи хидмати шоиста ва фаъолияти пурсамарро таманно намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ин рӯз барои насли ҷавон мактаби ибрат ва дарси ватандӯстист. Он ҷавононро ба хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ менамояд.

Бо ифтихор зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ дар марҳилаи ҳассоси таърихи навини кишвар бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа нақши калидӣ гузоштааст. Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки дар солҳои душвор маҳз иродаи устувор ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар идомаи суханронӣ хотираи неки фарзандони шуҷои миллат, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро нисор намудаанд, гиромӣ дошта шуд. Қаҳрамонӣ ва фидокории онҳо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ барои насли имрӯз ва фардои кишвар арзёбӣ гардид.

Бахши фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ансамбли “Наво”-и донишгоҳ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” идома ёфт. Сурудҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ, иҷроҳои дилнишини тарбиятгирандагони кӯдакистони “Ситора”-и донишгоҳ ва машқҳои ҳарбии курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!