,
Душанбе, 09-декабр
Санаи якуми апрели соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулллоҳи Рӯдакӣ маркази омӯзишии забони русӣ «Русское пространство» кушода шуд.
Мақсад аз таъсиси ин марказ аз он иборат аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ омада сатҳи забондонии худро хубтар ва дониши худро афзун кунанд. Роҳбарии маркази мазкурро номзади илмҳои филологӣ, муаллими кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забонҳои англисӣ ва русӣ Ашуров Азамат ба уҳда дорад.
Маркази мазкур бо дастгириҳои бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар якҷоягӣ бо сафорати Россия дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳ ва ҳамчунин ҷиҳати ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Омски Федератсияи Россия дарсҳо ба донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ дар муддати як ҳафта аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи Омск баргузор мегардад.
Муддати се рӯз мешавад, ки дар Марказ аз ҷониби яке аз омӯзгорони Донишгоҳи Омск, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Марина Викторовна Терских барои донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ машғулиятҳо гузаронида шуда истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси ҳамкории миёни донишгоҳҳо чунин омӯзишҳо бештар мегарданд ва омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Донишгоҳи Омск барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи забондонии донишҷӯён машғулиятҳо мегузаранд.