, Шанбе, 25-апрел

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ


ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин раванд ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим, густариши таҷрибаи пешқадам, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва таҳкими робитаи назария бо амалия арзёбӣ шуда, барои рушди тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар ҳамин замина, дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дарси тарбиявӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Орифов Одилҷон дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси “Таърих” дар мавзуи “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат” бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Муаллим дарсро мутобиқ ба талаботи муосири раванди таълим оғоз намуда, ҳадафу вазифаҳои машғулият, аҳамияти таърихию сиёсии таъсиси Артиши миллӣ ва нақши онро дар таҳкими истиқлолу амнияти кишвар ба донишҷӯён шарҳ дод. Зимни дарс марҳилаҳои ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми онҳо дар ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Донишҷӯён дар раванди дарс фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуъ маърӯзаҳои худро ироа карданд ва перомуни нақши Артиши миллӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон, порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан ва муҳофизони он қироат гардида, фазои дарс хусусияти тарбиявӣ ва ватандӯстона гирифт.

Дар фарҷом омӯзгор нуктаҳои асосии мавзуъро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки омӯзиши таърихи Артиши миллӣ дар ташаккули худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон нақши муҳим дорад.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_1qvps3n78o8prhkj90dr32oppr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_1qvps3n78o8prhkj90dr32oppr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_c9hnok7176f8jf16dlfa0ongtb in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_c9hnok7176f8jf16dlfa0ongtb): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ea4c1g1iqdvb0e6n3rfpg5fojf in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ea4c1g1iqdvb0e6n3rfpg5fojf): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hf353mau481lehir93sjacf24k in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hf353mau481lehir93sjacf24k): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ocl6cqo103075eshpjci65v1b7 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ocl6cqo103075eshpjci65v1b7): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_t18rfv1hlmgvj2k5auvfl86r8c in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_t18rfv1hlmgvj2k5auvfl86r8c): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274