,
Душанбе, 23-Феврал
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни мардон барои гиромидошти хотираи устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Усмон Ҳалимов баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Муродов Мубориз - донишҷӯи курси якуми факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 90 кг сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардида, бо диплом ва медали биринҷии мусобиқа сарфароз гардонида шуд.
Раёсати Донишгоҳ Муродов Муборизро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.