, Якшанбе, 13-сентябр

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ


МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ садорати факултет, устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст Лоиқов Парвиз, дотсент, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Артиши миллӣ” баромад намуд.

Сипас, ассистентони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофуддин дар мавзуи “Таърихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Зардов Ҷума дар мавзуи “Нақши Артиши миллӣ дар таъмини сулҳу суботи кишвар” ва Қурбонзода Кароматулло, ҷонишини декан оид ба тарбия дар мавзуи “Заминаҳои таърихии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аҳамияти хизмати ҳарбиро ҳамчун мактаби ватандӯстӣ таъкид карданд.

Дар фарҷом донишҷӯи курси якуми факултет Давлатов Рамазон дар мавзуи “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сипари истиқлол ва кафили амнияти миллӣ» маърӯза намуд.

Мизи мудаввар дар фазои созанда баргузор гардида, аҳамияти таърихию сиёсии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва нақши онҳо дар ҳифзи сулҳу субот мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_fh8duc5nndle8ssfd5qo3vjp0b in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_fh8duc5nndle8ssfd5qo3vjp0b): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_juennll34i42n1suktddhea6ei in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_juennll34i42n1suktddhea6ei): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o9err0kvqjt5l59vn7atcr6bt1 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o9err0kvqjt5l59vn7atcr6bt1): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274