,
Душанбе, 23-Феврал
Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии кафедраи забони муосири рус бо номи "Русская речь", зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедра-Муродов Равшан, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил роҳбари он Муродов Равшан суханронӣ намуда, нақши забони русиро дар густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ таъкид кард ва маърӯзачиёнро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар идома донишҷӯи курси чоруми факулет Файзуллоҷонова Аниса дар мавзуи “Фразеологизмы и их значения в живой речи” ва донишҷӯи курси дуюми факултет Каримова Меҳрона дар мавзуи “Таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуд.
Ҳамчунин донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ ва насриро дар васфи Ватан, Артиш қироат намуданд. Инчунин аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён саҳначаи тарбиявие, ки мавзуи асосии он ҳифзи Ватан буд, пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.