, Якшанбе, 22-Феврал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Имрӯз, 20.02.2026 дар ҷаласаи кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи мазкур Назирзода Маҳмуд Назар дар мавзуи “Пажуҳиши масъалаҳои назми гуфторӣ аз дидгоҳи Раҷаб Амонов”, зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисола, намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои кори илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Шамшоди Ҷамшед ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Назирзода Маҳмуд бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!