,
Якшанбе, 22-Феврал
Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ ва такмили қобилияти эҷодии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи ҳамин иқдомҳо санаи 20-уми феврали соли 2026 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ маҳфили навбатии “Таърихшинос”-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст мудири кафедра, дотсент Суфиев Садриддин суханронӣ намуда, аҳамияти омӯзиши амиқи таърихи миллӣ ва нақши онро дар таҳкими худшиносиву ватандӯстии ҷавонон таъкид кард.
Сипас, Шарипов Анушервон, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Таърихи таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Исломова Фарида, донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди Артиши миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира миёни маърӯзачиён ва нишастагон ба анҷом расид.