,
Якшанбе, 22-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо мақсади таъмини иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.02.2026 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Магистранти сол” баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эхсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Рафти озмунро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, дотсент Давлатзода Файзиддин ва мудири шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисоси таърих Ватанзода Шердил доварӣ намуданд.
Озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯйи бахшҳои навиштани иншои озод, баҳогузории пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, мақолаҳои илмии магистрант, суҳбат дар шакли саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, масъалаҳои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, забондонӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки даври аввали озмун дар факултетҳои муассиса баргузор гардида, ғолибони ин давр дар даври донишгоҳӣ миёни ҳам сабқат намуданд. Тибқи хулосаи ҷамъбастӣ аз 10 нафар иштирокчӣ 4 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардиданд: