,
Якшанбе, 22-Феврал
Туҳфаи арзишманду ҳикматбори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастрас гардид. Ин иқдоми фарҳангӣ бо эҳсоси амиқи қадршиносӣ ва сипосгузорӣ аз ҷониби аҳли илму маърифат истиқбол шуд.
Дар доираи ин ташаббуси наҷиб ба ҳайати устодону кормандон шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” тақдим гардид, ки ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ, ваҳдати маънавӣ ва пайванди наслҳо арзёбӣ мешавад. Ин туҳфа нишони таваҷҷуҳи хос ба аҳли маориф ва фарҳанг буда, бори дигар мақому манзалати ҳикмату китобро дар ҷомеа устувор месозад.
Тақдими «Шоҳнома» гувоҳи равшани идомаи сиёсати фарҳангпарварона ва маърифатмеҳвари Пешвои миллат буда, ба таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа такони тоза мебахшад.
«Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи беназири адабиёти ҷаҳонӣ ва осори ҷовидонаи хирад дар рушди тафаккури миллӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст нақши муассир дорад. Ин иқдоми фарҳангӣ, бешубҳа, дар густариши маънавиёт ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон саҳми арзанда хоҳад гузошт.