, Якшанбе, 22-Феврал

САҲИФАҲОЕ, КИ ҚАЛБҲОРО МЕПАЙВАНДАНД


САҲИФАҲОЕ, КИ ҚАЛБҲОРО МЕПАЙВАНДАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Китобҳо барои муҳофизони Ватан”, дар ҳошияи истиқбол аз Рӯзи Артиши милӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки китобро ҳамеша сарчашмаи маърифат ва омили муҳими ташаккули шахсияти комил арзёбӣ менамоянд, иқдоми шоистае амалӣ гардид.

Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сарбозони шуҷои Ватан туҳфаи арзишманд - китоб бо дастхат ва таманниёти самимӣ ирсол карда шуд.

Ин иқдом рамзи эҳтирому қадршиносӣ ва дастгирии маънавии муҳофизони марзу буми кишвар буда, ҳамзамон бозгӯи пайванди устувори илму маърифат бо хизмати муқаддаси ҳарбӣ мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!