, Ҷумъа, 20-Феврал

АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ


АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҳамин замина, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 19.02.2026 дар донишгоҳ ифтитоҳи як қатор синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи устодону донишмандони варзида баргузор шуд. Ин синфхонаҳо ва озмоишгоҳ ба хотири пос доштани заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.

Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва аҳли пайвандони устодон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.

Таъмир ва ифтитоҳи синфхонаҳои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳои мазкур дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба номи доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович, дар факултети физика, математика ва информатика озмоишгоҳи “Физикаи мактабӣ” ба номи шодравон Раҳимов Абдулло Ҳабибович, инчунин дар факултети  география ва иқтисодиёти рақамӣ синфхонаи “Географияи табиӣ ва криология”  дар ҳошияи эълон гардидани “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода шуд.

Таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!