, Ҷумъа, 20-Феврал

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН


АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Таҳти ин унвон, санаи 19.02.2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн мизи мудаввар бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар партави сиёсати давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ мегардад, роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он таҳкими ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ арзёбӣ гардид.

Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат амнияти кишварро таъмин намуда, сулҳу суботи ҷомеаро ҳифз менамояд.

Сипас, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси информатика бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд. Аз ҷумла, Азизова Ширинмоҳ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлат» андешаронӣ намуда, саҳми насли ҷавонро дар рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, Амирбеков Боймуҳаммад дар мавзуи «Қувваҳои Мусаллаҳ – кафили сулҳу субот ва истиқлолияти миллӣ» маърӯза намуда, аз марҳилаҳои ташаккул ва рушди Артиши миллӣ ёдовар шуд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ донишҷӯён порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, мардонагӣ ва шуҷоат қироат намуда, саҳначаи тарбиявиро вобаста ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба намоиш гузоштанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!