,
Ҷумъа, 20-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба масъалаи ташкили дарсҳои намунавии устодон таваҷҷуҳи хоса ва аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ин раванд ҳамчун василаи муҳими такмили сифати таълим, густариши таҷрибаи пешқадам, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва таҳкими робитаи назария бо амалия ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳамин замина, имрӯз (18.02.2026) дар факултети физика, математика ва информатикаи донишгоҳ дарси намунавӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн Сафаралиева Парвина дар гурӯҳи таълимии 107-и ихтисоси информатика дар мавзуи “Насб намудани системаи оператсионии Windows” бо иштироки ҳайати омӯзгорони баргузор гардид.
Устод дарсро тибқи талаботи муосири раванди таълим ва меъёрҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз намуда, ҳадаф, вазифа ва марҳилаҳои асосии онро ба донишҷӯён шарҳ дод. Дар ҷараёни машғулият аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла корҳои гурӯҳӣ, усули саволу ҷавоб, мисолҳои амалӣ, намоиши мустақими раванди насби система тавассути проектор, истифодаи маводи мултимедиявӣ ва пешниҳоди дастурҳои қадам ба қадам самаранок истифода гардид. Ҳамзамон, ба донишҷӯён тартиби омодасозии компютер барои насби система, танзими BIOS/UEFI, тақсимоти дискҳо (partition), форматкунӣ, интихоби версияи мувофиқи система ва насби драйверҳо ба таври амалӣ фаҳмонида шуд.
Донишҷӯён дар раванди корҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, бо роҳнамоии омӯзгор мустақилона марҳилаҳои насби системаи оператсиониро иҷро карданд. Онҳо доир ба масъалаҳои эҳтимолии техникии ҳангоми насб баамаломада саволҳо пешниҳод намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар қисми ҷамъбастӣ омӯзгор Сафаралиева Парвина фаъолияти донишҷӯёнро таҳлил карда, сатҳи азхудкунии мавзуъро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва нуктаҳои муҳими дарсро хулосабарорӣ кард.