, Ҷумъа, 20-Феврал

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ИБОРА ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОН


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ИБОРА ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОН

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин раванд ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим, густариши таҷрибаи пешқадам, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва таҳкими робитаи назария бо амалия арзёбӣ шуда, барои рушди тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар ҳамин замина, санаи 18.02.2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳ дарси намунавӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Тағоев Саймумин дар гурӯҳи таълимии 205-и ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ” аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик дар мавзуи «Ибора ва хусусиятҳои асосии он» бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Муаллим дарсро мутобиқ ба талаботи муосири раванди таълим оғоз намуда, ҳадафу вазифаҳои дарс, аҳаммияти омӯзиши мавзуъ ва ҷойгоҳи он дар низоми синтаксиси забони тоҷикиро ба донишҷӯён шарҳ дод. Зимни машғулият мафҳуми ибора, аломатҳои фарқкунандаи он аз ҷумла, навъҳои ибора аз рӯи воситаи алоқа (мутобиқат, изофат, ҳамроҳӣ), инчунин тарзи таҳлили сохтории ибора ба таври назариявӣ ва амалӣ баррасӣ гардид.

Донишҷӯён дар раванди муҳокимарониҳо фаъолона иштирок намуда, донишу малакаи назариявии худро бо мисолҳои мушаххас тақвият бахшиданд. Фазои дарс озоду ҳамкорона буда, мубодилаи афкор ба рушди тафаккури таҳлилӣ ва забоншиносии онҳо мусоидат кард.

Дар қисми ҷамъбастӣ омӯзгор Тағоев Саймумин фаъолияти донишҷӯёнро таҳлил намуда, сатҳи азхудкунии мавзуъро қаноатбахш арзёбӣ кард ва нуктаҳои асосии дарсро ҷамъбаст намуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!