,
Ҷумъа, 20-Феврал
Дар кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили доимамалкунандаи “Литературный рассвет” баргузор гардид. Чорабинӣ ҷиҳати амалисозии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир шуда, дар он садорати факултет, мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи маҳфил таъкид гардид, ки рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Тавре зикр шуд, таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба баланд бардоштани сатҳи таълим ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон заминаи мусоид барои ташаккули мутахассисони рақобатпазир фароҳам овардааст.
Дар идома донишҷӯи курси сеюми факултет Шомадова Фарида бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Проблема отцов и детей в произведениях писателей XIX века» баромад намуда, масъалаи ихтилофи наслҳо ва инъикоси он дар осори адибони асри XIX-ро мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин, донишҷӯёни дигар дар мавзуъҳои «История возникновения праздника “Дня защитника Отечества”» ва «23 февраля - День мужества и верности в Таджикистане» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Қисмати дигари маҳфил ба 23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он донишҷӯён порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, шуҷоату матонат ва садоқат ба давлату миллат қироат намуданд.