,
Ҷумъа, 20-Феврал
Бо мақсади иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ мегардад, дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуда, доир ба таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ, нақши онҳо дар таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карданд.
Нахуст, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Мирзо Кулобиев баромад намуда, зикр дошт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат фаъолияти пурмасъулона анҷом дода, сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин менамояд.
Сипас, гурӯҳи донишҷӯёни факултет бо маърӯзаҳои худ доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, масъулияти шаҳрвандӣ ва зарурати адои қарзи ҳарбӣ баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, Артиши миллӣ ва сулҳу оромӣ қироат гардида, фазои чорабинӣ ранги ватандӯстона гирифт.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ мусоидат менамояд.