,
Панҷшанбе, 19-Феврал
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ аз 16 декабри соли 2026 вобаста ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ ироа гардидаанд, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ силсилавохӯриҳо бо усули “факултет ба факултет” роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин замина, вохӯрии навбатӣ дар факултети филологияи руси донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Одинамо Шарифзода, раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ Мубина Қаюмова, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет, омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба мақоми зан-модар дар рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои маънавӣ, пешгирии бегонапарастӣ, хатарҳои фарҳанги бегона, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуда, ба донишҷӯён тавсияҳои мушаххас пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳушёр бошанд, манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намоянд ва дар таҳкими худшиносии миллӣ саҳми фаъол гузоранд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки нақши занону духтарон дар таҳкими фазои солими маънавии ҷомеа ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст басо муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ дар дигар факултетҳои донишгоҳ тибқи нақшаи тасдиқшуда ба таври пайдарпай баргузор гардида, фарогирии бештари донишҷӯёнро таъмин хоҳанд кард.