,
Панҷшанбе, 19-Феврал
Дар доираи сиёсати ободкоронаву бунёдсозонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои ободониву сабзазоркунӣ вусъати тоза касб намудаанд. Тадбирҳои андешидашуда ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҳадафи асосиӣ ободонии муҳити таълимӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи давлат мебошад.
Дар ин ҳошия бо мақсади хуррамгардонии ҳудуди донишгоҳ ва беҳтар намудани инфрасохтори қитъаҳои сабзазор, корҳои васеи тозакорӣ, ҳамворсозии замин амалӣ карда шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини обёрии мунтазам ва самараноки майдонҳои сабз, насби қубурҳои оббар тавассути дастгоҳи махсуси гармидиҳӣ ба роҳ монда шуд. Ин усул имкон медиҳад, ки қубурҳо бо сифати баланд пайваст гардида, низоми обтаъминкунӣ боэътимод ва дарозмуддат фаъолият намояд. Иқдомоти мазкур ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти беҳдошти муҳити зист, рушди фарҳанги экологӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Раванди корҳои ободониву созандагӣ бо иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯён дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ҷараён дошта, саҳми донишгоҳро дар ободии як гӯшаи Ватан боз ҳам назаррас мегардонад.
Раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар корҳои ободониву сабзазоркуниро боз ҳам густариш бахшида, муҳити таълимиро ба макони боз ҳам зебо, муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон табдил диҳад.