, Панҷшанбе, 19-Феврал

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЯКҶОЯШАВИИ МАҶМУЪҲО


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЯКҶОЯШАВИИ МАҶМУЪҲО

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, соҳибкасб ва рақобатпазир, инчунин такмили пайвастаи малакаву маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон ба масъалаи ташкили дарсҳои намунавии устодон таваҷҷуҳи хоса ва аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ин раванд ҳамчун василаи муҳими такмили сифати таълим, густариши таҷрибаи пешқадам, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва таҳкими робитаи назария бо амалия ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ҳамин замина, бо мақсади иҷрои босамари талаботи Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳи дарси намунавӣ аз фанни математика аз ҷониби дотсенти кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо Акбарзода Маҳрамбӣ дар гурӯҳҳои таълимии 103–104-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи «Якҷояшавии маҷмуъҳо» бо иштироки ҳайати омӯзгорони баргузор гардид, ки дар он истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим ва тақвияти тафаккури мантиқиву таҳлилӣ дар меҳвари асосӣ қарор дошт.

Устод дарсро тибқи талаботи муосири раванди таълим ва меъёрҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз намуда, ҳадаф, вазифа ва марҳилаҳои асосии онро ба донишҷӯён шарҳ дод. Дар ҷараёни машғулият аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла корҳои гурӯҳӣ, усули саволу ҷавоб, мисолҳои амалӣ ва истифодаи алгоритмҳои математикӣ ба таври самаранок кор гирифта шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба дарки амиқи мафҳуми якҷояшавии маҷмуъҳо ва татбиқи он дар ҳаллу фасли масъалаҳои амалӣ равона гардид.

Донишҷӯён дар раванди корҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, тавассути ҳалли машқҳо ва таҳлили мисолҳо донишҳои назариявии худро мустаҳкам карданд. Муҳити дарс интерактивӣ ва ҳамкорона буда, барои рушди тафаккури мантиқӣ ва малакаҳои мустақилона андешидан мусоидат намуд.

Дар қисми ҷамъбастӣ дотсент Акбарзода Маҳрамбӣ фаъолияти донишҷӯёнро таҳлил карда, сатҳи азхудкунии мавзуъро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва нуктаҳои муҳими дарсро хулосабарорӣ кард. Ҳайати омӯзгорони кафедра низ андешаҳои худро доир ба мазмун ва сифати дарси намунавӣ баён намуда, истифодаи методҳои муосир, тарзи пешниҳоди мавод ва самаранокии раванди таълимро махсус таъкид карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!