, Сешанбе, 17-Феврал

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН


ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мутобиқи мактуби расмии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри таҳкиму тақвияти худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиши маърифатӣ бо иштироки донишҷӯписароне, ки соли таҳсили ҷорӣ муассисаро хатм мекунанд, баргузор гардид.

Ҳамоиш таҳти унвони “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ - мактаби мардонагӣ, ҷасорат, интизом ва садоқат ба Ватан” дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” роҳандозӣ шуд.

Зимни ҳамоиш сардори раёсати тарбияи донишгоҳ, дотсент Анвар Шарипов доир ба нақши ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ибрози назар кард. Ҳамчунин, масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муқовимат ба нашъамандӣ, дурӣ ҷустан аз кирдорҳои номатлуб ва зарурати рӯ овардан ба илмомӯзиву хизмати содиқона ба Ватанро таъкид намуд.

Сипас, мутахассиси раёсати тарбия Алихон Кучаров баромад намуда, зикр дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмард мояи ифтихор буда, он шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва шуҷоат тарбия менамояд. Ҷавононро даъват кард, ки бо ҳисси баланди миллӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ омода бошанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор донишҷӯён, ки хоҳиши ихтиёрӣ барои сафарбар шудан ба хизмати ҳарбиро доштанд, аз минбар ба аҳли толор ваъдаи мардонавор дода, худро дар назди раёсати тарбияи донишгоҳ номнавис карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!