,
Душанбе, 16-Феврал
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилоти олӣ ба талаботи муосир, Шурои Британия (British Council) барномаи «Accelerating English Language Learning in Central Asia» («Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ»)-ро роҳандозӣ намудааст.
Барномаи мазкур ба рушди фарогири соҳаи маориф ва такмили маҳорати касбии омӯзгорони ояндаи забони англисӣ нигаронида шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир мебошад. Зеро донистани забони англисӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур, рӯзҳои 9-13 феврали соли ҷорӣ дар University of Greenwich-и шаҳри London семинари омӯзишии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Муродзода Баҳриддин Раҳмон намояндагӣ намуд.
Зимни семинар масъалаҳои муҳими омодасозии омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва томактабӣ, инчунин ворид намудани тағйироти консептуалӣ ба нақшаҳои таълимӣ (аз ҷумла, ба блоки фанҳои тахассусӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар қисмати амалии барнома иштирокчиён аз ҷараёни дарсҳои омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимии Лондон боздид намуда, бо таҷрибаомӯзон ва устодони онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Татбиқи ин лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки барномаҳои PRESETT дар Тоҷикистон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҷдид гардида, низоми рушди касбии пайваста дар соҳаи маориф тақвият ёбад. Барнома пеш аз ҳама барои донишҷӯёне пешбинӣ шудааст, ки дар оянда омӯзгор хоҳанд шуд.
Ин иқдом на танҳо ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, балки ба таҳкими иқтидори умумии низоми маорифи кишвар мусоидат хоҳад кард.