,
Якшанбе, 15-Феврал
14 феврали соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи Нақшаи баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ-маърифатӣ ҳамоиши устодону донишҷӯён таҳти унвони «Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир» баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ироа шуд, доир гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ, муовинони ректор, раёсатҳои факултетҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» марҳилаи муҳими татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими пояҳои маънавию идеологии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин масир, баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ-маърифатӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба татбиқи ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба самти меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Таъкид шуд, ки худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсӣ метавонанд ҷомеаро аз таъсири андешаҳои ифротӣ, таблиғоти ғаразнок, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар таҳдидҳои идеологию фарҳангии замони муосир эмин нигоҳ доранд.
Дар идома доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи «Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Зимни баромад зиракии сиёсиро ҳамчун унсури муҳими ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо ва густариши фазои иттилоотӣ ҳар як шаҳрванди огоҳ бояд қобилияти таҳлили воқеаҳо, фарқгузорӣ миёни ахбори саҳеҳ ва бардурӯғ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро доро бошад.
Ҳамчунин таъкид намуданд, ки худшиносии миллӣ пояи устувори ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб меёбад. Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза муттаҳид гардидани ҷомеа дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба марзу буми Ватан, гиромидошти арзишҳои милливу соҳибдавлатӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои касбӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир мебошанд.
Маърӯзачӣ инчунин ба масъулияти аҳли зиё, бахусус омӯзгорону донишҷӯён, дар тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ишора намуда, зикр кард, ки маҳз муҳити донишгоҳӣ метавонад майдони ташаккули андешаи мустақил, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ гардад.
Дар қисмати музокирот дотсентон Муродова Гулчеҳра ва Холиқзода Сафар баромад намуда, андешаҳои худро доир ба мавзуи баррасишуда баён карданд. Онҳо зарурати ташкили мунтазами чунин ҳамоишҳоро барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури солим дар миёни ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки андешаҳои пешниҳодгардидаи устодон ва мубодилаи афкор дар шарҳи равандҳои муосири сиёсӣ ва нақши худшиносии миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ барои иштирокчиён судманд буда, ба баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳад кард.