,
Якшанбе, 15-Феврал
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон курси такмили ихтисосро барои омӯзгорон дар равияи «Ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ» ташкил ва баргузор намуд. Ҳадафи асосии курс баланд бардоштани сатҳи малака ва маҳорати касбии омӯзгорон буд.
Курси мазкур аз 12 январи соли 2026 то 28 январи соли 2026 идома ёфта, дар он 100 нафар омӯзгорон иштирок намуданд.
Имрӯз, 14 феврали соли 2026, ҷамъомади тантанавии тақдими дипломҳо ба иштирокчиёни курс бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва намояндаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Табаров Хайрулло баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ иқдоми мазкурро омили муассир дар баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгорон арзёбӣ карда, онро қадами муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб маънидод намуд. Ҳамзамон ба роҳбарияти донишкада барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар амалисозии ин ташаббус изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Дар навбати худ, профессор Табаров Хайрулло ташкили курси такмили ихтисосро иқдоми саривақтӣ ва муҳим дар самти рушди касбии омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин курс бо фарогирии теъдоди зиёди шунавандагон дар таҷрибаи донишкада дорои аҳамияти махсус мебошад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин курсҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.