,
Якшанбе, 15-Феврал
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни наврасону ҷавонон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар он дастаҳои гуногун фаъолона ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи духтарони волейбози Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, маҳорати хуби варзишӣ ва руҳияи баланди даставиро нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Раёсати донишгоҳ варзишгардухтарон ва мураббии онҳоро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон пирӯзиҳои боз ҳам бештар, саломатии бардавом ва руҳияи шикастнопазир орзу менамояд.