, Якшанбе, 15-Феврал

МИЗИ МУДАВВАР. РУШДИ ИЛМҲОИ МУОСИР ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МАМЛАКАТ


МИЗИ МУДАВВАР. РУШДИ ИЛМҲОИ МУОСИР ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МАМЛАКАТ

Санаи 13.02.2026 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди илмҳои муосир дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат” бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва солҳои 2020-2040- “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал декани факултет, дотсент Комилзода Насим суханронӣ намуда, қайд намуд, ки воқеан такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ӯ таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо нақши илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва рушди тафаккури техникӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли маориф ба ҳисоб меравад.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ дар мавзуи “Рушди илму маориф дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, номзади илмҳои таърих, дотсент Гулматов Маҳмадалӣ дар мавзуи “Нақши усулҳои интерактивии таълим ҷиҳати фаъолгардонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанни математика” ва муаллими калони кафедра Сайдаҳмадова Садбарг дар мазуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди фанҳои дақиқ” маърӯзаи худро ба самъи иштирокчиён расониданд.

Дар бахши музокирот мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!