, Якшанбе, 15-Феврал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии ассистенти кафедраи молия ва қарз Саидова Мадина Ҳасановна дар мавзуи “Мукаммалгардонӣ ва рушди бозори минтақавии хизматрасониҳои бонкӣ (дар мисоли маводҳои вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилзода Низомуддин Бегаҳмад баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисола ҳайати дотсентон ва омӯзгорони кафедра ва факултет ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон Одиназода Комрон Саидаброр – доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисоди соҳавӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Раҳматзода Умед – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҳаёзода Қиёмуддин Амонулло – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Саидова Мадина  о дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!