,
Якшанбе, 15-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ дар моҳи феврали соли 2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳимми самтҳои таълиму тарбия ва фаъолияти сохторҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокимаву хулосабарорӣ қарор дода шуд.
Нахуст, роҷеъ ба масъалаи «Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин ҳолати кори созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026» ҳисоботи роҳбари гурӯҳи корӣ, сардори раёсати тарбия Шарипов Анвар шунида шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати тақвияти ҳисси худшиносиву ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти ҷамъиятӣ як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати кор дар ин самт таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд.
Сипас масъалаи «Вазъи бартараф намудани қарзҳои академӣ дар ҳама зинаҳои таҳсил (бакалавриат, магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос PhD)» баррасӣ гардид. Сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ доир ба раванди бартарафнамоии қарзҳо, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои иловагӣ ва натиҷаҳои бадастомада маълумот пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки барои пурзӯр намудани назорат ва баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи «Натиҷагирӣ аз фаъолияти кори роҳбарони гурӯҳҳои академӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026» мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати тарбия Шарипов Анвар иброз дошт, ки фаъолияти роҳбарони гурӯҳҳо дар самти назорати давомоти донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи интизом, робита бо волидайн ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бояд боз ҳам тақвият дода шавад.
Ҳамчунин вобаста ба «Ҳолати раванди таълим ва баргузории машғулиятҳо дар таълими ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ» маълумоти роҳбари гурӯҳи корӣ Шамшоди Ҷамшед шунида шуд. Дар баромад ҷиҳати беҳтар намудани сифати дарсҳо, риояи ҷадвали таълим ва истифодаи усулҳои муосири таълим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ гузориш пешниҳод намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ маълумот доданд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳо ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими интизом, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва иҷрои саривақтии нақшаҳо супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти ҳар як корманд бояд бошад.
Зимни ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раззоқов Наврӯз-сардори шуъбаи кор бо ҷавононро барои он ки шуъбаи мазкур дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар соли 2025» беҳтарин миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дониста шуда, бо Диплом ва туҳфаи таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид, самимона табрик намуд.