, Якшанбе, 15-Феврал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии Абдуалимов Фазлиддин Ҷамолиддинович унвонҷӯйи кафедраи иқтисодиёти КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуи “Самтҳои асосии фаъолгардонии сармоягузории соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Ашуров Ихтиёр Саидович дар ҷаласаи кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии муассиса мавриди муҳокима қарор дод.

Дар муҳокимаи рисола ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ва факултет ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Зимнан Комилзода Низомуддин – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент кафедраи мазкур ва Наврӯз Носирӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент баромад намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии рисолаҳоро таҳлил ва баҳогузорӣ карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Абдуалимов Фазлиддин бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!