, Ҷумъа, 13-Феврал

ҲАМОИШИ СИЁСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


ҲАМОИШИ СИЁСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои номатлуб санаи 12 феврали соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши сиёсӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини сардори шуъбаи терроризми минтақаи Кӯлоб, подполковник Ҳамидов Амирхон, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи донишгоҳ Назаров Бахтиёр, сардори маркази матбуоти донишгоҳ Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Амиров Файзуллохӯҷа, инчунин устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, муовини сардори шуъбаи терроризми минтақаи Кӯлоб Ҳамидов Амрохон зимни суханронӣ аҳамияти таҷлили ин рӯзро таъкид намуда, доир ба хатару таҳдидҳои экстремизми хушунатомез ва таъсири манфии он ба амнияту суботи ҷомеа андешаронӣ кард. Таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти хатарноки аср буда, пешгирии он вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватандӯст мебошад.

Ӯ донишҷӯёнро ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, омӯзиши амиқи илму дониш, аз худ намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида даъват намуд. Ҳамзамон, оид ба роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои нохуши гаравидан ба чунин равияҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳли толорро ба ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ раҳнамоӣ кард.

Зимнан таъкид гардид, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохуриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои профилактикиро ба роҳ монда, баҳри пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Сипас, Назаров Бахтиёр, Муҳаммадҷони Абдувоҳид ва Амиров Файзуллохӯҷа баромад намуда, доир ба аҳамияти илму дониш дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон, тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ибрози назар карданд. Қайд гардид, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, рушди касбият, татбиқи ғояҳои навоварона ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст.

Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки истифодаи босамари имкониятҳои муҳайёгардида, арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда кафили ояндаи дурахшони ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, ба иштирокдорон мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, аз ҷумла масъулияти ҷиноятӣ барои иштирок, ташвиқ ва маблағгузории чунин амалҳо шарҳ дода шуд.

Дар фарҷом, таъкид гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории ҷомеа ва давлат, тарбияи насли соҳибмаърифат ва худшинос самарабахш хоҳад буд. Аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна даъватҳои ифротӣ дода нашуда, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!