, Ҷумъа, 13-Феврал

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайни факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар муаллими калони кафедра Ғуломов Суҳроб бо маърӯзаи илмии худ таҳти унвони «Рушди омодагии касбии web-дизайнерони оянда тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ» баромад намуд. Дар маърӯза масъалаҳои муҳими вобаста ба истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, такмили малакаҳои касбӣ ва мутобиқ намудани донишҷӯён ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни семинар перомуни мазмуну муҳтавои маърӯза ва роҳҳои татбиқи амалии он дар раванди таълим ибрози андеша намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!