, Ҷумъа, 13-Феврал

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. НАҚШИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. НАҚШИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҳти ҳамин унвон 10.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 11 феврал - Рӯзи умумиҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, омӯзгор аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Ҳакимова Шарофат, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, дотсенти кафедраи журналистика Худойдодова Шарофат, раиси занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Назира ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Масъулияти пешбурди кори конфронсро раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ Қаюмова Мубина бар уҳда дошт.

Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо зимни сухани ифтитоҳии конфронс меҳмонон ва кулли олимону муҳақиқонро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм самимона шодбош гуфта, зикр дошт, ки агар ба таърихи тамаддуни башарият назар афканем, нақши занонро хеле назаррасу муассир хоҳем дарёфт, ки ба шарофати эшон тамаддуни инсоният ба таҳаввулҳои бузурге даст ёфтааст. Бонувон бо дониш, заковат, заҳмати созанда ва масъулияти баланди худ дар ғанӣ гардонидани илми ҷаҳонӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши калидӣ доранд. Дар партави татбиқи сиёсати маорифпарварона ва ҳидоятгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба мавқеъ ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо, таъйин намудани занону бонувони фаъолу кордон ба вазифаҳои роҳбарикунанда сол то сол таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир гардида, дар ин росто дар арсаи илму маориф, риштаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳангу варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ занону бонувон ба дастовардҳои беназир мушарраф мегарданд.

Сипас, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар мавзуи “Хусусиятҳои ҷаҳонбинии бадеии Фирдавсӣ ва Низомӣ дар тасвири симои занон (дар мисоли “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ)”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика Шарофат Худойдодова дар мавзуи “Модар ташаккулдиҳандаи зеҳни кӯдак”, омӯзгор аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Ҳакимова Шарофат дар мавзуи “The role of state policy in ensuring womens and girls right to education” ва раиси занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар ташаккули сиёсию ҳуқуқии ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Зикр гардид, ки дар таърихи гузаштаи ориёитаборон мавқеи зан бузург будааст. Аҷдодони гузаштаи мо нисбат ба зан эҳтироми зиёд доштаанд ва барои ба илму дониш фаро гирифтанашон шароитҳои мусоидро фароҳам меовардаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия беш аз 50 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳо қарор дода шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!