, Чоршанбе, 11-Феврал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии Наимзода Қудратулло, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Шавкати Бухороӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти форс - тоҷик”, (мушовири илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағаймуродов Рустам) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ, (10 .01.01 - Адабиёти тоҷик, равобити илмӣ), дар ҷаласаи кафедраи адабиёти тоҷик мавриди муҳокима қарор дод.

Дар муҳокимаи рисола ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Зимнан Асозода Ҳотам – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи мазкур ва Ашурова Нодира – доктори илмҳои филологӣ, профессор баромад намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии рисолаҳоро таҳлил ва баҳогузорӣ карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Наимзода Қудратулло бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!