,
Сешанбе, 10-декабр
Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд».
Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар баргузор гардид.
Дар конфронс муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Конфронсро дотсент Холиқзода Айниддин ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Зимни баромад қабул ва дастгирии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 154 кишвари узви СММ-ро ёдовар шуда, ин ташаббусро ҳамчун иқдоми беназир ва нодир арзёбӣ намуд.
Сипас Қаюмов Абдулҳамид, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон” дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон”, Ғаниев Таваралӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии Тоҷикистон дар мавзуи “Давраҳо ва равандҳои глобалии экологии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муртазоев Ӯктам, доктори илмҳои география, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи “Преобразование речных систем Таджикистана с помощю водохранилищ и их последствие”, Муҳаббатов Холназар, профессори кафедраи методикаи ташкили туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи “Последствия изминение климата в Таджикистане”, Гадоев Шералӣ, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин” маърӯзаҳои худро ироа намуда, доир ба ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша карданд.
Зикр гардид, ки дар ҳақиқат тағйирёбии иқлим яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Дар раванди тараққиёт ва пешрафти худ давлатҳои дунё бераҳмона ба табиат зиён расонидаанд, ки дар натиҷа ба мувозинати системаи табиат халалҳо ворид шудааст. Бепарвоёна қонеъ гардонидани талаботи худ, инсонро ба муаммои умумиҷаҳони дучор намудааст, ки “Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим” ном гирифтааст. Рушди истеҳсолот вобаста ба талаботи инсон аз меъёр зиёд ба атмосфера гази карбон хориҷ карда мешавад, ки натиҷаи он гармшавии ҳарорати ҳаво гардидааст.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Географияи табиӣ” ва “Географияи иқтисодӣ” идома ёфт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конфронс 83 мақолаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногуни пиряхҳо ва роҳҳои ҳифзи онҳо шунида шуд. Маҷмуаи илмии конфронс аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида шуд.