,
Чоршанбе, 11-Феврал
Бо чунин унвон 9 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати тарбия ҳамоиши устодону донишҷӯён дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025 баргузор гардид.
Ҳамоиш бо суханронии муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо оғоз ёфт. Зимни сухани ифтитоҳӣ номбурда бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мубориза бар зидди хурофотпарастӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ӯ ҷавононро ба омӯзиши амиқи илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ даъват намуда, таъкид кард, ки пешрафту шукуфоии давлату миллат маҳз бо ҷавонони соҳибкасб, донишманд, соҳибандеша ва дорои ҷаҳонбинии солим таъмин мегардад.
Дар идома сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи «Хурофотпарстӣ ҷаҳолат аст» баромади муфассал ва ҷолиби диққат ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии ақибмондагии фикрӣ ва иҷтимоӣ буда, метавонад ҷавононро аз роҳи дурусти ҳаёт дур созад. Ӯ таъкид намуд, ки илму дониш, тафаккури илмӣ ва худогоҳии миллӣ воситаи асосии мубориза бо ҳар гуна хурофот ва андешаҳои носолим мебошад. Дар баромад ҳамчунин нақши муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи маънавӣ ва боло бурдани ҳисси масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин Назарзода Бахтиёр-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ, оид ба паҳлуҳои ҳуқуқии масъала суханронӣ намуда, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид кард, ки даст задан ба чунин амалҳо боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст қонунро риоя намуда, дар таҳкими суботи ҷомеа саҳмгузор бошад.
Дар анҷоми ҳамоиш донишҷӯён бо баромадкунандагон саволу ҷавоб анҷом дода, вобаста ба мавзуъ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. Чунин ҳамоишҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон нақши муҳим мегузоранд.