,
Якшанбе, 08-Феврал
Имрӯз 6.02.2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Риёзидон”-и назди кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.
Дар маҳфил иштирок доштанд мудири кафедра, дотсент Акбарзода Маҳрамбӣ, сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи Амиров Файзуллохуҷа, муаллимони кафедра Давлатов Тулқун, Абдуллоев Диловар, роҳбари маҳфил Мавлонов Сулаймон ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра оғоз гардид. Зимни суханронии худ ӯ муҳимияти маҳфилро дар рушди тафаккури математикӣ ва таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён таъкид намуд.
Дар идома донишҷӯи курси якуми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ Муминова Бибиробия дар мавзуи “Ҳайвонҳои нодири табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Шабнами Нурулло, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Хусусияти таълими математика дар мактабҳои камкомплекта” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни баргузории маҳфил омӯзгорони кафедра нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маърӯзачиён иброз доштанд, ки омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ ва риёзӣ на танҳо барои ихтисосҳои марбута аҳамияти калон дорад, балки дар ташаккули тафаккури мантиқӣ ва илмии донишҷӯён низ нақши калидӣ мебозад.
Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи маҳфил пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.